Пайвандҳои дастрасӣ

Модари 3 фарзанд ба 9 соли зиндон маҳкум шуд


Як зани модари 3 фарзанд дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ҳизби манъшудаи Таҳрир ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. “Азия Плюс”, ношири ин хабар мегӯяд, додгоҳ Ҳабиба Ҳафизова, сокини 31-солаи ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар даст доштан ба даъват ба сарнагун кардани низом, тавзеъи шабномаҳо ва узвият дар гурӯҳи мамнӯъ муҷрим шинохт. Шавҳари ӯ низ бо ҷурми узвият дар ҳизби Таҳрир ҳанӯз 5 сол қабл ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳабиба Ҳафизова моҳи октябр дар Душанбе боздошт шуд.
Ҳизби Таҳрир барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон соли 2001 манъ шуда, Душанбе дар соли 2008 ҳизби Таҳрирро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG