Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми тунди Лукашенка баъд аз ҳамлаи метро


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, гумонбарони дар иртикоби парвандаи ҳамлаи хунин ба метрои Минск боздоштшуда даст доштани худро дар ин таркиш иқрор кардаанд. Бар асари таркиши рӯзи 11 апрел дар як истгоҳи пуриздиҳоми метрои Минск 12 нафар кушта ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд. Лукашенка дар як паёми телевизионӣ аз нирӯҳои амниятӣ барои таҳқиқи сареъи қазия ситоиш кард: “Ба чекистҳо ва милисаҳо ҳамагӣ як рӯз кифоят кард, то шаби гузашта бо як амалиёти олӣ ва бидуни кадом ғавғову тирандозӣ омилони ҳамларо дастгир кунанд. Онҳо соати панҷи субҳи имрӯз баёнот доданд.”
Лукашенка гуфт, намояндагони мухолифин низ бояд “қатъи назар аз демократия ва доду фарёди ғарбиҳои раҳмдил” бозпурсӣ шаванд, чунки онҳо шояд медонанд, ки “ин ҳамларо кӣ фармоиш додааст.”
XS
SM
MD
LG