Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти шӯришиёни Либия барои қабули "харитаи роҳ"


Имрӯз шӯришиёни Либия гуфтанд, ки онҳо нақшаи Иттиҳодияи Африқоро, ки ҳадафи он қатъи муноқишаи ҳаштҳафтаина дар Либия аст, баррасӣ мекунанд, вале пофишорӣ кардаанд, ки Муаммар Қаззофӣ бояд аз қудрат канор биравад. Ҳайати Иттиҳодияи Африқо талош дорад миёни шӯришиён ва ҷонибдорони режими Қаззофӣ оташбас барқарор кунад. Ин ҳайат рӯзи якшанбе дар Троблус бо Қаззофӣ мулоқот кард ва акнун мехоҳад дар Бенғозӣ бо намояндагони шӯришиён мулоқот анҷом диҳад. Якоб Зума-раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, ки сарпарастии ҳайатро бар ӯҳда дорад, рӯзи якшанбе баъд аз мулоқот бо Қаззофӣ дар Троблус гуфт, Қаззофӣ барои хатми муноқиша “харитаи роҳ”-ро қабул дорад.
XS
SM
MD
LG