Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи ҳукумати Косово ва мухолифон бар сари ...


Ҳукумати эътилофии Косово ва умдатарин ҳизби мухолифи давлат ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ, ба номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мувофиқат кардаанд. Ҳизби Демократии нахуствазир Ҳошим Тачӣ ва шарики ӯ дар ҳукумат, Эътилофи Косовои Нав бо ҳизби мухолиф Лигаи демократӣ ба созиш расидаанд, ки аз номзадии Отифота Яҳҷага ҳимоят кунанд. Хонум Яҳҷага аз соли 1999 то кунун, фармондеҳи пулиси Косово аст, ки таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ таъсис ёфтааст. Ӯ ба ҷойи Беҳгиет Пакколӣ, ки Додгоҳи Қонуни Асосӣ таъйини ӯ ба мақоми раиси ҷумҳурро ғайриқонунӣ хонд, раиси ҷумҳур хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Косоворо ҳоло порлумон интихоб мекунад вале бар асоси қонуни нав, соли 2012 ӯ дар раъйдиҳии умумӣ интихоб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG