Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эквадор сафирро барои номаи Wikileaks ихроҷ мекунад


Дирӯз Эквадор тақозо кард, ки сафири Амрико аз кишвараш хориҷ шавад. Эквадор барои номаҳои электронӣ, ки Wikileaks ифшо кард, сафири Амрикоро “шахси номатлуб” эълон кардааст. Рикардо Патино-вазири корҳои хориҷии Эквадор таъкид мекунад, ки ихроҷи сафир ба маънои қатъи равобити дипломатӣ бо Амрико нест. Вале Амрико ин тасмими Эквадорро “ғайримунсифона” медонад. Дар номае, ки Wikileaks ифшо кард, Ҳитер Ҳоҷз-сафири Амрико фармондеҳи ба тозагӣ бознишаста шудаи Эквадорро ба ришвахорӣ муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG