Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҳайати САҲА аз гузаргоҳи Панҷи Поён боздид мекунад


Имрӯз боздиди ҳайати боломақоми САҲА аз Тоҷикистон идома меёбад. Интизор меравад, ки имрӯз ин ҳайат аз манотиқи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва гузаргоҳи панҷи Поёни Тоҷикистон боздид кунад. Дирӯз ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ҳайат 22 намояндаи кишварҳои узви созмони мазкур шомиланд.
XS
SM
MD
LG