Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон: Муттаваққиф сохтани радиатсия моҳҳоро дар бар мегирад


Ниругоҳи Фукушима
Ниругоҳи Фукушима
Ҷопон ҳушдор додааст, ки муттаваққиф сохтани хуруҷи радиатсия аз ниругоҳи ҳастаии Фукушима “моҳҳо”-ро дар бар мегирад. Се ҳафта пеш ин ниругоҳ аз зилзилаи шадид ва сунамии маргбор сахт осеб дид. Сейҷӣ Широя-як масъули Ожонси амнияти ҳастаӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки қабл аз муттаваққиф сохтани хуруҷи радиатсия системаи сардкунандаи ниругоҳ бояд барқарор шавад. Вай ҳушдор дод, ки ба эҳтимоли зиёд чунин кор моҳҳоро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG