Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ мегӯяд, Тоҷикистон ба аҳдҳои хеш содиқ аст


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа зимни суханронӣ дар Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, Тоҷикистон ба тааҳудоти хеш дар амри риояти ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, ва демократисозии ҷомеа содиқ аст. Аммо гуфтааст ӯ, “масоили ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодиҳои мазҳабӣ ва матбуот бояд бо назардошти масоили таъмини амният ва субот дар ҷомеа арзёбӣ шавад.” Ҳамроҳхон Зарифӣ дар робита ба вазъи Афғонистон гуфтааст, муноқиша дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад ва сулҳ дар Афғонистон бе барқарорсозӣ ва кӯмакҳои иқтисодӣ ба он муяссар нахоҳад шуд. Баҳсҳо ба сари тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказиро Ҳамроҳхон Зарифӣ, як монеъаи ҷиддӣ дар роҳи ҳамкориҳои минтақавӣ хондааст.
XS
SM
MD
LG