Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико раиси ҷумҳури Сурияро башиддат интиқод кард


Мақомоти Амрико Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурияро, барои расидагӣ накарданаш ба талаботи тазоҳургарон ба шиддат интиқод карданд. Марк Тонер, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, гуфт, нутқи Башшор Ассад дар рӯзи чаҳоршанбе ҷавҳар надошт: "Мо чунин эҳсос мекунем, дар нутқи ӯ ба ислоҳоте, ки мардуми Либия талаб доштанд ва мушовирони худи Ассад ҳам тахмин мекарданд, расидагӣ нашуд." Рӯзи чаҳоршанбе бо гузашти ду ҳафта аз тазоҳуроти васеъи зиддавлатӣ дар Сурия, Башшор Ассад дар порлумон ҳозир шуд ва тазоҳуротро “кори дасти душманони Сурия” хонд. Баъзеҳо интизор доштанд, ки ӯ вазъи фавқуллода дар Сурияро лағв хоҳад кард, аммо чунин нашуд. Ҷон Маккейн ва Ҷо Либерман, ду сенатори шинохтаи Амрико аз раиси ҷумҳур Барак Обама хостанд, аз мухолифони ҳукумати Башшор Асад ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG