Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавошиносон: Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ шуда борон меборад, аз 15 то 19 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд дар нимаи дуввуми рӯз ҳавои абриву боронӣ дар назар аст, ҳарорати ҳаво аз 17 то 19 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар нимаи аввал борон меборад, сипас ҳаво офтобӣ шуда шом дубора боришот дарт назар аст, то 23 дараҷаи гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳам боронист, ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво абрист ва борон меборад. ҳарорати ҳаво то 18 дараҷа боло хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG