Ба яке аз ҳафтаномаҳои калидии Қазоқистон бо номи “Уралская Неделя” хатари басташавӣ таҳдид мекунад. Сабаб ин будааст, ки ин нашрияро додгоҳ ҷарима бастааст. Тамара Исломова-сардабири ин нашрия имрӯз дар Алмаато гуфт, як додгоҳи маҳаллӣ дар ҳукми худ гуфтааст, “Уралская Неделя” бояд 135 000 доллар ба як корхонаи тавлиди фелизот ҷарима пардохт кунад, зеро дар бораи ин корхона маълумоти нодуруст ба нашр расондааст. Аммо Исломова мегӯяд, ки худи корхона ин маълумотро дар ихтиёри нашрия гузоштааст. Бо вуҷуди ин, “Уралская Неделя” омода аст аз ин корхона узр хоҳад ва тарзи дурусти мақоларо ба нашр расонад.