Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон вилояти Нуристонро ба тасарруфи худ даровардаанд


Полиси Афғонистон мегӯяд, имрӯз нируҳои Толибон назорат бар вилояти дурафтодаи Нуристон дар шимоли шарқи кишварро ба даст дароварданд. Шамсулраҳмон-фармондеҳи полиси ин вилоят гуфт, тақрибан 300 нафар афроди мусаллаҳи Толибон субҳи рӯзи сешанбе вулусволии Вайголро тасарруф кардаанд. Ба гуфтаи вай, як гурӯҳи хурди кормандони полис бидуни талафоти ҷонӣ ақибнишинӣ кардаанд. Дар ин минтақа нируҳои НАТО мустақар нашудаанд. Забиҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи нируҳои Толибон низ таъйид кард, ки Толибон имрӯз ин вилоятро ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG