Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати навбатӣ барои истеъфои Қаззофӣ


Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Дэвид Камерон дар як изҳороти муштарак аз раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ даъват намуданд, ки аз қудрат канор равад.

Онҳо ҳамчунин аз ҷонибдорони Қаззофӣ хостанд, ҳоло, ки дер нашудааст, аз пуштибонии ӯ даст бардоранд.

Саркозӣ ва Камерон аз мухолифони Либия даъват намуданд, ки аз ҳоло таҳкурсиро барои гузаштан ба демократия баъд аз истеъфои Қаззофӣ омода намоянд.

Қарор аст, ки имрӯз ҳайатҳои тақрибан 40 кишвар дар Лондон дар конфаронсе бахшида ба ояндаи Либия ширкат кунанд.

Дар худи Либия рӯзи душанбе нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ҳамлаи ошӯбгарон ба шаҳри Сиртро боздоштанд. Тирпарронӣ дар шаҳри Мисурата ҳам идома дорад.
XS
SM
MD
LG