Имрӯз Озарбойҷон Арманистонро барои сукунат додани тақрибан 14 000 нафар аҳолӣ дар қаламрави мавриди баҳси ҷонибҳо дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ муттаҳам кард ва ҳушдор дод, ки идомаи чунин кор тоқатнопазир хоҳад буд. Дар эъломияе вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтааст, сукунати ғайриқонунӣ ба идомаи музокироти ҷонибҳо ва дурнамои ҳали муноқиша халал ворид мекунад. Вазорат Арманистонро муттаҳам кардааст ва гуфтааст, манзилгоҳҳои озариҳоеро, ки баъд аз даргириҳои солҳои 1990-ӯм аз Қарабоғи Кӯҳистонӣ фирор карда буданд, нируҳои Арманистон оташ задаанд.