Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи театрии "Парасту" дубора оғоз шуд


Дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ бо номи "Парасту -2011" оғоз шуд. Ин ҷашнвораи ҳунарӣ, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад, 28-уми март дар Душанбе гушоиш ёфт ва то 3-юми апрел давом мекунад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби душвориҳои молӣ, ҷашнвораҳои "Парасту" ва “Наврӯз”-ро соли 2007 қатъ карда буд. Дар ин ҷашнвора 15 театри касбии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат доранд. Бар асоси низомнома, ба ҷашнвора намоишномаҳое пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби драмнависони тоҷик дар солҳои истиқлолият офарида шудаанд. Барои барандагони ҷашнвора Шоҳҷоиза, се ҷой ва ҳамчунин барои беҳтарин кори таҳия, беҳтарин нақш, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна ҷоизаҳои молӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG