Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ҳизби ҳокими Олмон дар интихобот дар ду минтақа


Ангела Меркел
Ангела Меркел
Дар ду минтақаи федеролии Олмон – Баден-Вюртемберг ва Райнланд-Пфалтс интихоботи парлумонӣ баргузор шуд.

Дар Баден-Вюртемберг, ки 58 сол боз фақат ҳизби Иттиҳодияи масеҳӣ-демократии садри аъзам Ангела Меркел пирӯз мешуд, барои нахустин бор ҳизби сабзҳо дастболо шуд.

Ҳизби сабзҳо барои ширкат дар интихобот дар ҳарду минтақаи федеролӣ бо ҳизби сотсиал-демократӣ эътилоф ташкил кардааст.

Дар интихобот ҳизби демократҳои озод, ки ба он муовини садри аъзам ва вазири умури хориҷӣ Гидо Вестервелле сарварӣ мекунад, ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Дар минтақаи Райнланд-Пфалтс ин ҳизб шомили парлумон нашуд, дар Баден-Вюртемберг бошад, бо душворӣ садди панҷ дар садиро убур намуд.
XS
SM
MD
LG