Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон дар Сурия ба раҳпаймоии нав даъват мекунанд


Имрӯз баъд аз намози ҷумъа мухолифони Сурия дар ҳамаи масҷидҳои кишвар мардумро ба раҳпаймоиҳои нави эътрозӣ даъват карданд. Як гурӯҳи матбуоти иҷтимоӣ дар Facebook бо номи “Инқилоби Сурия-2011”, ки тақрибан 78 000 истифодакунанда дорад, ҳаводоронро ба раҳпаймоии эътрозӣ даъват кардааст ва гуфтааст, ки он зери шиори “Рӯзи ифтихор” бар зидди фишору беадолатӣ баргузор мешавад. Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Даро дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ чанд нафар муътаризон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG