Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади қисматшудаи тоҷикро дар Русия пайдо кардаанд


Бино ба хабари матбуоти Русия, дар деҳаи Концовои вилояти Твер қисматҳои ҷасади одам, дасту пой ва сарро пайдо кардаанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи дурӯза ҳуввияти шахси кушташуда маълум шудааст ва қотили эҳтимолиро низ боздошт кардаанд. Дафтари матбуотии пулиси вилоят хабар додааст, ки ин шаҳрванди 25-солаи кушташудаи Тоҷикистон бо қотили эҳтимолии 30-сола ошно будаанд ва ин қатл ба эҳтимоли зиёд дар заминаи рашк бо занаш анҷом гирифтааст. Дар натиҷаи таҳқиқ рӯшан шудааст, ки моҳи январ дар ноҳияи Клини вилояти Маскав шавҳари зан бо бел чанд зарба ба гардани марди тоҷик задааст ва ӯро ба қатл расондааст. Сипас ҷасадро ба ҷои дигар бурдааст ва онро пинҳон кардааст. Баъд аз ду моҳ қотил бо худ аррае оварда, ҷасадро ба қисматҳо тақсим кардааст ва онро дар Конакови вилояти Твер зери хок кардааст. Расидагӣ ба парванда идома дорад.
XS
SM
MD
LG