Ин даргириҳои низомӣ миёни Амрико ва Эрон дар тангаи Ҳурмуз ва соҳилҳои Бандар Аббос ва Кишм рӯй додааст. Тарафҳо якдигарро ба оғози ин ҳамла муттаҳам кардаанд.
СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии артиши Амрико дар Ховари Миёна, аз ҳамла ба мавзеъҳои низомӣ дар хоки Эрон хабар дод.
Ба гуфтаи Фармондеҳии марказии артиши Амрико, ин ҳамлаҳо пас аз он анҷом шуд, ки Эрон нов ё киштиҳои дар ҳоли убур аз тангаи Ҳурмузро ҳадаф қарор додааст. СЕНТКОМ айни замон мегӯяд, ки дар пайи "боло бурдани сатҳи таниш" нест.
Пештар дар пайи нашри хабарҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз шунида шудани садои чанд таркиш дар ҷануби Эрон, хабаргузории "Форс" наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон, шомгоҳи 7 май хабар дода буд, ки бахшҳое аз ҷазираи Кишм ҳадаф қарор гирифтааст.
Ин хабаргузорӣ эълон кард, дар ҷараёни табодули оташ миёни нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва тарафи муқобил, бахшҳои тиҷории лангаргоҳи Баҳман, ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳамзамон вазорати дифои Имороти Муттаҳидаи Араб субҳи ҷумъа эълон кард, ки ин кишвар аз тарафи Эрон бо мушак ва паҳбод ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва сомонаҳои дифои мушакӣ дар Иморот дар ҳоли бартараф кардани ин ҳамлаҳо ҳастанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи бархӯрди нав бо Эрон гуфт, "онҳо сар ба сарамон гузоштанд". Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки оташбас барқарор аст ва ба он хадшае ворид нашудааст.
Ин нахустин бор нест, ки ду тараф дар айни даргирӣ исрор мекунанд, ки халале ба оташбас ворид нашудааст. Мавзеъе, ки ба ақидаи коршиносон, танҳо нишонае аз он аст, ки ду тараф ба оғози даргириҳои нав ва идомаи ҷанг майле надоранд.
Гуфтугӯ