Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Трамп ба наздик будани созиш бо Эрон

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед. 6 май, 2026.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед. 6 май, 2026.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузашта гуфт, ки пас аз "гуфтугӯҳои бисёр хуб" дар 24 соати гузашта, эҳтимоли даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанг, бисёр зиёд аст. Эрон мегӯяд, ки дар ҳоли баррасии пешниҳодҳои Амрико аст.

Трамп дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "дар 24 соати гузашта гуфтугӯҳои бисёр хубе доштаем ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки ба як созиш бирасем".

Ин чандумин мавзеъгирии Трамп дар бораи раванди музокирот бо Эрон дар рӯзи 6 май буд. Ӯ соате пештар дар суханронии худ дар Кохи Сафед гуфт, "мо бо афроде (дар Эрон) сару кор дорем, ки бисёр хоҳони расидан ба созиш ҳастанд".

Трамп пеш аз он низ бо нашри паёме дар шабакаи иҷтимоии худ таҳдид кард, ки агар Эрон ба созиш розӣ нашавад, бомбаборон оғоз мешавад ва аз гузшта бисёр сахттар хоҳад буд.

Вебсайти Axios ва хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 6 май ба таври алоҳида ба нақл аз манбаъҳои огоҳ эълон кардаанд, ки Вашингтон ва Теҳрон ба як ёддошти тафоҳуми яксафҳаӣ барои поён додан ба ҷанг наздик шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, Теҳрон ҳанӯз дар ҳоли баррасии пешниҳодҳои Амрико аст.

Исмоил Бақоӣ рӯзи 6 май ба хабаргузории ИСНА гуфт, "тарҳ ва пешниҳоди Амрико аз сӯи Амрико ҳамчунон дар ҳоли баррасӣ аст ва Эрон пас аз ҷамъбандӣ, назарҳои худро ба тарафи покистонӣ интиқол медиҳад".

Хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорон, ба нақл аз як "манбаи огоҳ" навишт, ки охирин пешниҳоди Амрико "шомили бандҳои ғайри қобили қабул" аст ва Эрон ба он посух надодааст.

Хабаргузории "Форс", дигар расонаи наздик ба Сипоҳи посдорон низ иддао кардааст, ки "ҳеч паёми хаттии наве миёни Эрон ва Амрико радубадал нашудааст" ва гузоришҳои расонаӣ дар бораи наздик будани созишро рад кард.

"Форс" мегӯяд, ин гузоришҳо барои "таъсиргузорӣ бар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба вижа коҳиши қимати нафт", нашр шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG