Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатори амрикоӣ: "Путин мехоҳад, нуфузи Амрикоро дар Аврупо ва Ховари Миёна аз байн барад"

Том Тиллис, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Каролинаи Шимолӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷанг дар Украина ва Эрон баёнгари низои густурдатар "миёни ҷаҳони демократӣ ва ҷаҳони худкомагон" аст. Шакли мухтасари ин мусоҳибаро тақдим мекунем.

Тиллис, ки рӯзи 29 апрел бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) дар Вашингтон сӯҳбат кард, мегӯяд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар аҳдофи геополитикии худ фаротар аз Украинаро дар назар дорад, аммо афзуд, ки тамаркузи бештари Амрико ба Украина "метавонад ба ин ҷанг поён диҳад." Сенатор Тиллис дар идомаи суҳбаташ гуфтааст:

"Ман эҳсос мекунам, ки Путин талош дорад, вонамуд созад, ки гӯё метавонад дӯсти Амрико бошад ва ё бо мо ҳамзистии ҳамоҳанг дошта бошад, аммо дар воқеъ чунин андешае дар сар надорад. Ӯ мехоҳад, ҳар гуна нуфузи Иёлоти Муттаҳидаро аз Аврупо ва Ховари Миёна аз байн барад. Ман як чиз гуфтам, ки фикр мекунам баъзеҳоро ба ҳайрат овард. Аз баъзе ҷиҳатҳо Путин мисли Қосим Сулаймонӣ аст. Ӯ барои марги амрикоиҳо масъул аст. Танҳо шуморааш фарқ мекунад. Сулаймониро ба он муттаҳам мекарданд, ки дар марги садҳо низомии амрикоӣ даст дорад. Ҳеҷ шакке нест, ки дасти Владимир Путин ба хуни низомиёни амрикоӣ олуда аст, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои ниёбатӣ ва ҳамкорӣ бо Эрон ва тавассути кори зархаридонаш".

Том Тиллис ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳои демократӣ бояд таҳдидҳоро амиқтар дарк кунанд:

«Мо бояд эътироф кунем, ки мухолифони мо танҳо дар бораи кишварҳои ҳаммарзи худ фикр намекунанд. Ба фаротар менигаранд. Ин як набард миёни ҷаҳони демократӣ ва ҷаҳони худкомагон аст. Ҳамеша чунин буд ва эҳтимолан ҳамеша чунин хоҳад монд. Бояд ба ин тасвири куллӣ нигоҳ кунем. Мо бояд фаротар аз Эрон бингарем. Ба фаъолиятҳои Русия дар Африқо, бахусус Африқои Шимолӣ назар кунед. Бубинед, ки онҳо дар Украина чӣ кор мекунанд. Ба ҷанги гибридие бингаред, ки ҳоло дар Молдова ва кишварҳои Балкан, дар саросари Аврупои Шарқӣ пеш мебаранд. Манзурам ин аст, ки Русия дар ҳоли ҷанг аст ва мо шояд танҳо барои маҳдуд кардани он талош дорем, аммо метавонем ба ин ҷанг хотима диҳем. Агар мо таваҷҷуҳи худро ба Украина равона кунем, ҳеч роҳе барои пирӯзии Владимир Путин намемонад. Иҷоза додан ба пирӯзии ӯ, ба Путин имконият медиҳад, ки нафрат барангезад ва усулҳои зиддидемократиро дар саросари Аврупои Шарқӣ ва Африқо паҳн кунад. Ин ҳамон ҷанги ҷаҳониест, ки Путин мехоҳад, бо мубориза дар он пирӯз шавад».


Сенатори амрикоӣ: «Ҳадафи Путин фақат Украина нест»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Шакли комили ин мусоҳиба бо хабарнигори РАО/РО Алекс Рауфоғлу ба забони англисӣ дар ин ҷо дастрас аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG