Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико ба Киев рафт


Ллойд Остин дар Киев. 21 октябри соли 2024
Ллойд Остин дар Киев. 21 октябри соли 2024

Вазири дифои Амрико бо як сафари аз қабл эълоннашуда рӯзи душанбеи 21-уми октябр вориди Киев, пойтахти Украина шуд. Вазорати дифои Амрико ё Пентагон гуфт, сафари Ллойд Остин нишон медиҳад, ки ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии Украинаро давом медиҳанд.

Телевизиони "Садои Амрико" гузориш додааст, ки ҷанг дар ҷабҳаи шарқӣ барои Украина мушкил шудааст ва неруҳои ин кишвар маҷбур шуданд чанд шаҳраку деҳаро ба артиши Русия вогузор кунанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз муттаҳидони ғарбиаш даъват дорад, ки барои поён додан ба ин ҷанги сесола, аз тарҳи ба гуфтаи ӯ ғалаба пуштибонӣ намоянд.

Нақшаи Зеленский аз панҷ банди асосӣ иборат мебошанд, ки муҳимтарини онҳо узви НАТО шудани Украина ва додани иҷоза ба Киев барои истифода аз силоҳҳои дурпарвоз мебошад.

XS
SM
MD
LG