Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "корхонаи тавлиди мошинҳои зиреҳпӯш" месозад


Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз тарҳи "Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Сипар Групп Лимитед" оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус", ҷонибдорӣ намуданд.

Бар асоси ин тарҳ, барои ташкили чунин корхона ҷалби 15 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, вале замони бунёди он гуфта нашудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳадафи созишномаро афзоиши иқтидори мудофиавии кишвар, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ номиданд.

Фаррух Юсуфзода, муовини якуми раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар ҳузури вакилон гуфтааст, лоиҳаи ин созишнома аз ҷониби онҳо дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ таҳия гардидааст. Маълум нест, чӣ миқдор маблағи он аз ҳисоби сармояи хориҷӣ аст.

Дар ҷаласаи ахири парлумон дар рӯзи якуми октябр гуфта шудааст, ки иқтидори истеҳсолии солонаи корхона то 120 автомашинаи зиреҳпӯш буда, бо назардошти талаботи бозор зиёд хоҳад шуд.

Қабули ин созишнома дар ҳолест, ки ду соли пеш дар кишвар корхонаи истеҳсоли бесарнишинҳо таъсис ёфт.

Ҳамчунин, бино ба хабарҳо, ҷониби Тоҷикистон барои хариди ҳавопаймои бесарнишини "Байрақтар" ба маблағи ним милион доллар бо Туркия созишнома баст.

XS
SM
MD
LG