Пас аз ғарқ шудани киштии паноҳҷӯён дар ин минтақа, то кунун ҷасадҳои 9 нафар, аз ҷумла, як кӯдак пайдо шудааст.
Гуруҳҳои наҷот тавонистанд, ки 27 нафар аз ин паноҳҷӯёнро, ки мехостанд аз Африқо худро ба Испания бирасонанд, наҷот доданд.
Гуфта мешавад, ки 84 нафар савори ин киштӣ буданд.
Ба гуфтаи мақомоти Испания, ин муҳоҷирон аз Малӣ, Мавритания ва Сенегал ҳастанд.