Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ 6 паҳподи дигарро аз тариқи мавҷгирҳо беасар сохтаанд. Русия ҳамчунин аз вилояти ишғолшудаи Луганск бо ду мушаки ҳидоятшаванда ба Украина зарба задааст.
Айни замон вазорати дифои Русия хабар дод, ки системаи дифои ҳавоӣ 15 паҳпод ва ё дронҳои Украинаро шаби гузашта нобуд кардаанд.
Шаби 21-уми сентябр дар натиҷаи таркиши як бомби ҳидоятшавандаи Русия дар як бинои баландошёна дар вилояти Харкови Украина 12 нафар захмӣ шудаанд.