Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 21-уми сентябр омадааст, ки дар ин зарба дар маҳаллаи Зайтун дар шаҳри Ғазза ҳамчунин 30 тани дигар захмӣ шуданд.
Пештар аз ин баёния, артиши Исроил гуфт, ба як “маркази мудирият ва фармондеҳӣ”-и Ҳамосро, зарба задааст, ки онро Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меноманд.
Ба гуфтаи Исроил, марказ дар дохили як биное буд, ки қаблан “ба ҳайси мактаб истифода мешуд.”