Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимбабве барои мубориза бо гуруснагӣ 200 филро қурбон мекунад


Фили очаву бача дар Зимбабве
Фили очаву бача дар Зимбабве

 Дар кишвари африқоии Зимбабве мақомот қарор карданд, ки барои таъмини ғизои аҳолӣ, ки бо сабаби хушксолӣ дучори гуруснагии шадид шудааст,   200 филро мекушанд.

Нашрияи The Guardian навишт, ки мақомот аллакай супоришҳои дахлдорро додаанд. Филҳо, аз ҷумла дар бузургтарин мамнӯъгоҳи Хванге, шикор хоҳанд шуд. Зимбабве ҳоло хонаи тақрибан 100 ҳазор фил аст ва вазири муҳити зист гуфтааст, ки шумори онҳо “аз ҳад зиёд аст”.

Мақомот гуфтаанд, ки гӯшти филмро ба маҳаллаҳое медиҳанд, ки бо гуруснагии шадид рӯбарӯ ҳастанд.

Коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон бо ӯ розӣ нестанд.

Ба эътиқоди онҳо, мақомот бояд барои мубориза бо хушксолӣ усулҳои тозатари экологӣ дошта бошанд ва аз он нигаронанд, ки тасмим дар бораи куштани филҳо метавонад сайёҳонро аз сафар ба ин кишвар дилсард кунад.

Имсол хушколии шадид дар Зимбабве ва Намибия боиси ҷорӣ шудани ҳолати изтирорӣ дар ин кишварҳои Африқои Ҷанубӣ шуд. 42% аҳолии Зимбабве дар ҳолати фақр ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG