Йенс Столтенберг, ки базудӣ аз мақоми раҳбарии НАТО канор меравад, дар мусоҳибааш бо ҳафтаномаи олмонии FAS гуфт, “ҳоло мо бо таъмини мавод барои ҷанг машғул ҳастем, дар ҳоле, ки пештар барои пешгирӣ аз ҷанг метавонистем кор кунем”.
Столтенберг ба худдории эътилоф дар таъмини аслиҳае ишора кард, ки Киев пеш аз ҳамлаи густурдаи Русия дархост карда буд, вале бо далели нигаронӣ аз афзоиши таниш бо Русия ба ин кор розӣ нашуд.
Столтенберг, нахуствазири пешини Норвегия моҳи октябр аз мақоми худ дар НАТО истеъфо медиҳад.