Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти рӯзноманигори рус Николай Сванидзе. Ӯ мухолифи ҷанги Украина буд


Таърихнигор ва рӯзноманигори русиягӣ Николай Сванидзеи 69-сола дар натиҷаи сактаи мағзӣ дар шаҳри Маскав даргузаштааст.

Дар ин бора нашрияи "Московский комсомолец" бо истинод ба ҳомии ҳуқуқ Ева Меркачева хабар додааст.

Сванидзе дар телевизиони Русия барномаҳои иҷтимоӣ-сиёсиро пеш мебурд. Ӯ аз соли 2013 то соли 2022 дар радиои "Силвер Раин" кор кардааст.

Президенти Русия Владимир Путин моҳи ноябри соли 2022 ӯро ҳамроҳи чанд ҳомии ҳуқуқу рӯзноманигор аз Шӯрои ҳуқуқи инсони ин кишвар хориҷ кард. Худи Сванидзе дар як суҳбаташ гуфта буд, ки Путин вайро “барои мавқеъгириҳои ошкораш алайҳи ҷанг” хориҷ кардааст.

Сванидзеро моҳи декабри соли 2022 аз раҳбарии Пажӯҳишгоҳи ВАО ва таблиғ дар Донишгоҳи давлатии башардӯстонаи Русия, ки 12 сол дар ин мақом ифои вазифа кардааст, барканор карданд.

XS
SM
MD
LG