Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор амрикоӣ дар ҷосусӣ ба нафъи Русия гунаҳкор дониста шуданд


Додгоҳе дар Амрико чор шаҳрванди ин кишварро дар ҷосусӣ ба нафъи Русия гунаҳкор эълом кард.

Вазорати адлияи ИМА хабар дод, ки додгоҳи ҳакамӣ рӯзи 12-уми сентябр Омалӣ Йешителуи 82-сола, Пенни Ҳесси 78-сола, Ҷесси Невели 34-сола ва сокини Атлантаи Амрико Август Романии 38-соларо дар анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ ба нафъи ҳукумати Русия гунаҳкор донист.

Маҳкумшудагон гӯё "аз соли 2015 то моҳи июли соли 2022 дар ҳудуди Амрико ба нафъи Кремл кор кардаанд".

Ба иттилои вазорат, ин чор нафар бо раҳбари Ҷунбиши зиддиҷаҳонишавии Русия Александр Ионов робита доштаанд.

Ионов чандин сол мешавад, бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳамкорӣ ва фармонҳо аз Хадамоти ҳифзи сохти конститутсиониву мубориза бо терроризмро иҷро мекунад. Дастгирии пинҳонии ҳаракатҳои сиёсии Амрико ва Мария Бутина, русиягие, ки дар ИМА барои ҷосусӣ маҳкум шуда буд, аз зумраи фармонҳои мазкур ба ҳисоб мераванд.

XS
SM
MD
LG