Мақомоти Русия дар ин кор Украинаро гунаҳгор карданд.
"Илова ба ин, чор нафар осеб дидааст,"- гуфт волии Подмосковйе Андрей Воробев. Ба гуфтаи ӯ, аз 102 хона дар ин бино 54 ададаш осеб дидадаст. Боз як паҳпод дар баландошёнаи дигаре дар Раменское ба як манзили дигар осеб расонидааст.
Шабакаҳои иҷтимоӣ аз ду ҳамлаи дигари эҳтимолии паҳпод хабар додаанд. Ғайр аз ин, шаби гузашта фурудгоҳи Жуковский дар вилояти Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар паи ин, фурудгоҳ муваққатан баста ва нишасту парвози ҳавопаймоҳо манъ шуд.
Бо далелҳои амниятӣ фурудгоҳҳои Внуково ва Домодедово ҳам як муддат аз қабулу гусели парвозҳо худдорӣ карданд.
Воробев гуфтааст, ки паҳподҳоро дар шаҳрҳои дигари вилояти Маскав - Подолск, Любертси, Домодедово ва Коломна ҳам нобуд карданд.