Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози қазоқ дар вақти тамрин ҷон бохтааст


Рӯзи 7-уми сентябр дар ҷараёни тамрини низомӣ дар майдони “Оймаша”-и Қазоқистон як сарбози 19-сола ҷон бохтааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати дифои Қазоқистон навиштанд, сарбоз дар натиҷаи “вайрон кардани қоидаҳои истифодаи силоҳ" ҷароҳати вазнин бардошта, ҷон бохтааст.

Падари сарбоз бо нашри як муроҷиати видеоӣ дар Интернет гуфтааст, ба фарзияи мақомот, ки мегӯянд, писари ӯ дар як “ҳодисаи нохуш” ҷон бохтааст, бовар надорад.

“Мегӯянд, ин як ҳодисаи нохуш буд. Гӯё ӯ бо тапонча бозӣ карда, ба рӯяш парондааст. Инҷо ҳодисаи нохушуе нест”, - изҳор доштааст ӯ.

Мақомот танҳо хабар доданд, ки дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст. Ҷузъиёти қазия ошкор карда намешавад.

XS
SM
MD
LG