Ҷаласаи 44-уми Маҷмаи умумии шӯро чанде қабл дар шаҳри Ню-Деҳлӣ баргузор гашт ва дар он Раҷа Рандхир Сингх президенти шӯро ва Умаровро муовини ӯ интихоб карданд.
Вазифаи муовини президенти Шӯрои олимпии Осиё дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба он Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон шомиланд, рушди арзишҳои олимпӣ ва варзиш дар ин кишварҳо мебошад.
Отабек Умарови 40-сола яке аз намоёнтарини наздикони президенти Узбекистон аст, ки бар асоси таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ, аз муомилаҳои пурдаромад ва ношаффофи давлатӣ фоида мегиранд. Ӯро дар миёни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳукумати Узбекистон "шахси муҳим ва паси парда" медонанд.
Отабек Умаров соли 2007 бо Шаҳноза Мирзиёева, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, оила барпо кард. Мирзиёева дар мансаби муовини аввали раиси Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад. Пештар сардори яке аз раёсатҳои Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон буд.