Ваколатдор таъкид кардааст, ки тибқи талаботи Эъломияи Женева оиди муносибат бо асирон, низомиёни асирафтода метавонанд ба хонаводаҳояшон нома нависанд.
Қаблан гурӯҳе аз наздикони асирони украинӣ аз ҳукумат хоста буданд, ки тамоси низомиёни русро бо наздиконашонро манъ кунанд, зеро Русия ҳам ба пайвандони асирафтодаи онҳо ин иҷозаро намедиҳад. Аммо кобинаи вазирони Украина ин дархости онҳоро рад карда буд.
Денис Шмигал, сарвазири Украина гуфта буд, иҷозаи занг ба асирони рус барои он муҳим аст, ки сарбозони дигари Русия аз таслим шудан натарсанд.
Моҳи июн Владимири Путин, президенти Русия гуфта буд, ки 1348 сарбози рус дар асорати Украина ва 6465 украинӣ дар асорати Русия ҳастанд. Моҳи август дар ҳамлаи артиши Украина ба вилояти Курск садҳо сарбози рус асир шуданд.