Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Каромат банк"-и Қирғизистон интиқоли пулӣ бо бонкҳои Русияро қатъ кард


Бонки “Каромат” дар Қирғизистон рӯзи 21-уми август эълон кард, ки муомилоти пулиро бо чандин бонки азими Русия бозмедорад.

Ҳафтаи гузашта MBank ҳам айни чунин изҳороте дод.

Вебсайти 24.kg рӯзи чоршанбе хабар дод, ки таҳқиқи журналистии хабарнигоронаш дар 16 бонки воқеъ дар Бишкек собит кард, ки воқеан ҳам ҳама гуна интиқолҳои пулӣ бо бонкҳои азими Русия қатъ шудааст.

Вебсайти “Тазабек” ба нақл аз манбааш дар Бонки миллии Қирғизистон хабар дод, ки дар шароити таҳримҳои Ғарб зидди Русия тамоми бонкҳои тиҷоратӣ дар Қирғизистон дастур гирифтанд, ки ҳамкорӣ бо бонкҳои Русияро қатъ кунанд.

XS
SM
MD
LG