Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, Украина бо мушаки амрикоӣ ба қаламраваш зарба задааст


Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки нерӯҳои Украина барои маҳви як пули муҳим дар ноҳияи Глушкови вилояти Курск аз мушакҳои амрикоӣ истифода бурда ва ду “ихтиёрӣ”-ро куштанд, ки барои кӯч додани мардуми ғайринизомӣ кӯмак мекарданд.

Захарова рӯзи 16-уми август дар Телеграм навишт: “Бори аввал аст, ки ба вилояти Курск бо мушакандозҳои ғарбӣ, ғолибан HIMARS – и амрикоӣ зарба заданд.” Тасдиқи мустақилонаи иддаои ӯ номумкин аст.

Ӯ афзудааст, “ихтиёриёне, ки барои кӯч додани мардуми ғайринизомӣ кӯмак мекарданд, дар ҳамла кушта шуданд. Пули мазкур дар рӯдхонаи Сейм батамом вайрон шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, вайрон кардани пул мушкили интиқол додани мардум ба ҷойҳои амн ва берун аз вилояти Курскро сахттар кардааст.

Ҳукумати Украина мегӯяд, ки пас аз ҳамлаи ғофилгирона ба қаламрави Русия дар рӯзи 6-уми август то кунун 1150 километри мураббаи ин кишварро таҳти назорат даровардааст.

XS
SM
MD
LG