Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи вазири пешини Узбекистон оғоз мешавад


Баррасии парвандаи вазири пешини кишоварзии Узбекистон Азиз Воҳидов дар додгоҳе дар шаҳри Тошканд рӯзи 15-уми август шуруъ мешавад.

Воҳидов дар "ғорат тавассути азхудсозӣ ва ё исрофкорӣ дар ҳаҷми калон; ташкили гуруҳи муташаккил ва ё иштирок дар он", "сӯистифода аз мақом ва ё салоҳиятҳои хидматӣ бо расонидани зарари махсусан калон" ва "берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" ва ғайра айбдор мешавад.

Воҳидов моҳи декабри соли 2023 ба ҳабс гирифта шуда буд. Вай ду моҳ пеш аз боздошташ аз мақоми вазирӣ барканор шуда буд.

Азиз Воҳидови 44-сола дар Узбекистон болотарин мақомдор аст, ки баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев бо айби фасодкорӣ боздошту зиндонӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG