Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден Трампро "таҳдиди воқеӣ" ба амнияти Амрико донист


Доналд Трамп ва Ҷо Байден
Доналд Трамп ва Ҷо Байден

Президенти Амрико ҳушдор дод, ки номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп "ба амнияти Иёлоти Муттаҳида таҳдиди воқеӣ дорад".

Ҷо Байден дар ин бора дар мусоҳибаи нахустини телевизионӣ баъди канор рафтанаш аз маъракаи интихоботии соли 2024 сухан гуфт.

Мусоҳиба рӯзи 11-уми август дар шабакаи CBS News пахш шуд.

"Ба суханони ман таваҷҷуҳ кунед, агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, мебинед, ки чӣ хоҳад шуд," -- гуфт Байден ва афзуд, "мо дар як нуқтаи гардиш дар таърихи ҷаҳон қарор дорем ва демократия калиди он аст."

Ҷо Байдени 81-сола рӯзи 21-уми июл ва пас аз мунозираи телевизионӣ бо Доналд Трамп, ки баъзе ҷонибдоронаш онро заиф хонданд, номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пас гирифт.

Ҳоло муовинаш, Камала Ҳаррис, ба унвони номзади Ҳизби демократ бо Доналд Трамп вориди рақобат шудааст.

XS
SM
MD
LG