Яҳё Синвор яке аз тарроҳони ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил гуфта мешавад, ки сабабгори оғози ҷанги нав дар Ғазза миёни "Ҳамос" ва Исроил шуд.
Мақомоти Исроил борҳо гуфтаанд, Синвор дар нақб ё туннелҳои сохтаи гурӯҳи "Ҳамос" пинҳон мондааст. Яҳё Синвори 62-сола даҳ моҳ аст, ки дар маҳзари ом дида нашудаст.
Синвор 24 соли умрашро дар зиндонҳои Исроил гузарондааст ва феълан аз роҳбарони таъсиргузори Ҳамос аст, ки дар қайди ҳаёт мебошад.
Исроил борҳо эълон кардааст, ки ҳадафи аз байн бурдани Яҳё Синворро дорад.