Вакили дифоъ Абдумалик Абдуллоев дар канали худ дар паёмрасони Телеграм навиштааст, ки ба маҳбаси "Тоштурма" рӯзона чор-шаш соат об дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, шумори зиндониёни маҳбас аз меъёр зиёд буда, ба сиҳатии онҳо касе аҳамият намедиҳад. Ҳамчунин хидматрасониҳои тиббӣ низ дар сатҳи зарурӣ нестанд, ки боиси афзоиши эътирозҳо дар муассисаи ислоҳӣ шудааст.
Ӯ аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Узбекистон даъват кардааст, ки ин қазияро баррасӣ кунад.