Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple чор "VPN"-ро дар Русия дастнорас кард


Ширкати Apple аз мағозаи электрониаш дар Русия (App Story), чор филтиршикан (VPN)-ро пок кардааст. Дар ин бора сомонаи “Медиазона” гузориш додааст.

Ба навиштаи манбаъ, аз мағозаи электронии AppStore дар Русия, филтиршиканҳои Proton VPN, NordVPN, Red Shield VPN ва Le VPN пок шудаанд.

Ширкати Apple бо пахши ду хабарнома ба мизоҷонаш гуфтааст, филтиршиканҳо бо талаби идораи "Роскомнадзор” дар Русия дастнорас шуданд. Ин идора пойфишорӣ дорад, ки "VPN"-ҳо боиси паҳн шудани маълумоти мамнуъ дар Русия мешаванд.

Дар Русия аз 1-уми марти соли 2024 қонуне ба иҷро даромад, ки «Роскомнадзор» бар асоси он метавонад на танҳо насби "VPN", балки даъватро ба истифодаи он низ масдуд кунад.

XS
SM
MD
LG