Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сарбози исроилӣ дар ҳамлаи паҳбодии "Ҳизбуллоҳ" захмӣ шуданд


Артиши Исроил шоми якшанбе гузориш дод, ки 18 сарбози ин кишвар дар ҳамлаи паҳбодии ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба шимоли Исроил захмӣ шуданд.

Тибқи иттилои артиши Исроил, яке аз ин сарбозон, ки сахт захмӣ шудааст, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Хабар мегӯяд, нерӯҳои ҳавоии Исроил дар вокуниш ба ҳамлаи паҳбодии "Ҳизбуллоҳ" пойгоҳҳои ин гурӯҳро дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор додааст.

Аз оғози набарди Ғазза то кунун, Исроил тақрибан ба таври рӯзона бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар минтақаҳои марзии ду кишвар даргири ҷанг мебошад.

"Ҳизбуллоҳ" эълон кардааст, то замоне, ки ҷанги Ғазза ба поён нарасида бошад, ҳамлаҳои худро ба Исроил идома хоҳад дод.

Ин даргириҳо дар рузҳои ахир афзоиш ёфтааст ва ин амр нигарониҳоро дар бораи густариши ҷанг дар минтақа бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG