Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон "Шарқ-антитеррор - 2024" баргузор мешавад


Лоҳур, Тоҷикистон, соли 2016
Лоҳур, Тоҷикистон, соли 2016

Низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) омодагиҳоро ба размоиши "Шарқ-антитеррор-2024", ки дар Узбекистон баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии Маркази зиддитеррористии ИДМ иттилоъ додааст, ки ингуна размоиш бори нахуст дар Узбекистон мегузарад.

Низомиёни ИДМ ва СҲШ дар ҷараёни размоиш муборизаро бо террористони шартӣ дар размоишгоҳҳои Узбекистон тамрин мекунанд.

Илова бар ин, баргузории конфронси Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва конфронси ИДМ дар соли 2024 дар назар аст.

XS
SM
MD
LG