Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар конфронси сулҳи Украина иштирок намекунад


Эдил Байсалов
Эдил Байсалов

Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов гуфтааст, намояндагони кишвараш дар конфронси байналмилалӣ барои пайдо кардани роҳҳои қатъи даргириҳо дар Украина иштирок намекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон "хотима бахшидан ба ин вазъи девонавор"-ро фаъолона ҷонибдорӣ мекунад ва манфиатдор ҳам нест, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак кунад.

Байсалов афзуда, ки Бишкек сабаби иштирок накарданашро дар конфронс ба Киев баён доштааст. "Ҷониби Украина сабабҳои иштирок накардани моро дарк мекунад. Мо ҳанӯз ба марҳилаи музокироти пурраи дуҷониба нарасидем. Иштироки мо ҳам дар ҳоли ҳозир он қадар арзишманд нахоҳад буд ва Украина мавқеи моро мепазирад", - изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо хабаргузории Deutsche Welle.

Қаблан Чин ҳам гуфта буд, ки ба ин конфронс ҳайати худро намефиристад. Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба 4 манбаи худ иттилоъ дод, ки шартҳои гузошташуда барои иштироки ҳайати чинӣ дар конфронс иҷро нашудаанд.

Яке аз шартҳо даъвати ҳайати Русия буд. Вазорати корҳои хориҷии Чин хоста буд, ки барои "иштироки баробари ҷонибҳо ва баррасии одилонаи пешниҳодҳо" Русия ба конфронс даъват шавад.

Конфронс рӯзҳои 15 ва 16 июни имсол дар истироҳатгоҳи Бюргенштоки Нидвалден, дар наздикии шаҳри Лютсерни Швейтсария баргузор хоҳад шуд. Баргузории онро бидуни иштироки Русия худи президенти Украина Владимир Зеленский дархост кардааст.

XS
SM
MD
LG