Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бесарнишини Украина ба шаҳри Орски ҳаммарз бо Қазоқистон


"Воронеж М"
"Воронеж М"

Як ҳавопаймои бесарнишини Украина рӯзи 26-уми май ба истгоҳи радар барои муайян кардани ҳадафҳои дур, "Воронеж М", дар шаҳри Орски вилояти Оренбурги Русия ҳамла кардааст.

Дар ин бора "Украинская правда" ва "РБК-Украина" бо истинод ба манбаъҳои худ дар Раёсати иктишофии Вазорати дифои Украина хабар доданд.

"Бесарнишини украинӣ барои расидан ба ҳадаф беш аз 1800 километр парвоз карда, дар масофаи нобудсозии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини камикадзе рекорди нав гузошт", - гуфтааст манбаи расонаҳо.

Ба гуфтаи манбаъ, хисороти расида дар пайи ин ҳамла феълан маълум нест.

Нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки шаҳри Орск, ки бо Қазоқистон ҳаммарз аст, мавриди ҳамлаи бесарнишин қарор гирифт. Саҳифаи "Урал56.ру" дар шабакаи Телеграм навишт, эҳтимол бесарнишин ба иншооти низомӣ ҳамла кардааст.

РИА "Новости" рӯзи 27-уми май тасдиқ кард, ки дар Орск бесарнишине суқут кард. Мақомоти Оренбург гуфтанд, дар натиҷаи ҳамла "иншооти маданӣ осеб надидааст ва ба ҷони сокинон ҳам хатаре таҳдид намекард".

XS
SM
MD
LG