Аида Балаева, вазири иттилооти Қазоқистон, гуфт, дар TikTok муҳтавои ғайриқонунӣ меафзояд. Вай илова кард, ки масъалаи бастани ин шабакаи иҷтимоӣ маҳз баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки ин шабакаро дар Қирғизистон маҳдуд карданд.
Блогери қазоқистонӣ Митя Бойназаров, ки дар TikTok фаъол аст, мегӯяд "ҳамлаҳо" ба ин шабакаи иҷтимоӣ на ба хотири ҳифзи манфиатҳои кӯдакон шуруъ шудаанд.
Вай бовар дорад, ки мақомоти Қазоқистон аз паҳншавии муҳтавои комилан дигар дар ин шабака нигаронанд ва корбарони TikTok-ро дар Қазоқистон на танҳо кӯдакон ташкил медиҳанд, балки калонсолон ҳам дар ин шабака ҳузур доранд.
"Онҷо (манзур TikTok) калонсолон зиёданд. Норозиҳо дар ин шабака ҳастанд. Ва албатта ин ба мақомот чандон писанд нест ва ба ҳамин хотир барои онҳо (мақомот) хуб мешавад, агар ин шабака баста шавад", - мегӯяд Бойназаров.
Дар Қирғизистон ширкатҳои таъминкунандаи интернет аз 18-уми апрел дастрасиро ба TikTok маҳдуд карданд.