Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ ва ВКХ-и Қазоқистон ба созиш расиданд


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар мавриди танзими иҷозатномаи кори хабарнигорони ин радио ба созиш расиданд.

"Мо аз созиши мазкур бо Вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол мекунем", - омадааст дар изҳороти президенти Радиои Озодӣ Стивен Капус.

"Давоми ин муддат мехостем, ки хабарнигорони мо тавонанд, бе гузашт кардан ва дар амнияту бехатарӣ кори муҳими худро дар Қазоқистон анҷом диҳанд. Мо ҳамоно талош мекунем, ки барои мухотабон гузоришҳои мустақилона ва боэътимод пешниҳод кунем ва ман бовар дорам, ки ин созиш барои анҷоми ин кор мусоидат хоҳад кард", - афзуд Стивен Капус.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар моҳи январи имсол ба 36 хабарнигори Радиои Озодӣ дар он кишвар иҷозатномаи кор надод.

Радиои Озодӣ барои баррасии ин масъала ба додгоҳ шикоят бурда буд.

XS
SM
MD
LG