Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон назорати диндорон сахттар шудааст


Туркманистон
Туркманистон

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар Туркманистон назорати диндоронро дигарбора сахттар кардаанд. Аз ҷумла, ба кормандони идораҳои давлатӣ ҳушдор додаанд, ки иҷрои фаризаҳои динӣ дар ҷойи кор манъ аст.

"Маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон кормандони муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла омӯзгорони мактабҳои миёнаро, ки Хонаи Худоро зиёрат кардаанд, муайян карда, ҳушдор медиҳанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио 18-уми апрел.

Риш мондан барои мардоне, ки дар корхонаҳои "буҷавӣ" кор мекунанд, манъ аст. Ҳамчунин занони коргари ин корхонаҳо ҳақ надоранд, рӯймоли сафед банданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабарнигор, ҳар корманде, ки ин талабҳоро иҷро намекунад, аризаи аз кор рафтанашро "бо хоҳиши худ" хоҳад навишт.

Мақомоти Туркманистон ин иқдоми худро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG