Онҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" мухолифанд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарону полис камаш 14 кас боздошт шудааст.
Дар лоиҳаи нав аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷа кумак мегиранд, тақозо шудааст, дар бораи тамоми фаъолиятҳояшон ба мақомот гузориш диҳанд.
Мухолифони лоиҳа дар Гурҷистон таъкид мекунанд, ки тасвиби қонун даҳони дигарандешонро баста, матбуоти озодро нобуд мекунад.
Ба қавли онҳо, ин санад ба қонуни "агенти хориҷӣ" дар Русия монанд аст, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар он кишвар ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.