Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден хост, тарҳи кумакро ба Исроилу Украина қабул кунанд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Президенти Амрико Ҷо Байден ва раҳбарони Конгрес шаби якшанбе дар робита ба кумаки низомӣ ба Украинаву Исроил дар пайи ҳамлаҳои Эрон телефонӣ суҳбат кардаанд.

Дар иттилоияи Кохи Сафед омадааст, "президент гуфт, Маҷлиси намояндагони Амрико лоиҳаи қонунро дар бораи ҷудо кардани кумаки низомӣ ба Украина, Исроил ва Тайланд, ки қаблан аз сӯи Сенат ҷонибдорӣ ёфта буд, бояд фавран қабул кунад".

Дар суҳбати телефонӣ бо Байден раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Майк Ҷонсон, раҳбарони ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар Конгресс иштирок доштаанд. Ҳамаи иштирокдорони суҳбат мустақим ё бавосита аз Ҷонсон даъват кардаанд, ки ҳафтаи равон лоиҳаи қонунро барои раъйгирӣ пешниҳод кунад.

Ҷонсон ин лоиҳаи қонунро ба раъйгирӣ пешниҳод накарда буд, зеро ба гуфтаи ӯ, бештари ҷумҳурихоҳон дар Конгрес зидди лоиҳа ҳастанд.

XS
SM
MD
LG